Ҳамкории тиҷории Тоҷикистон ва Қатар
Май 08, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
Дар душанбе мавзӯъи рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ шуд.
Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо вазири умри хориҷаи Қатар дидору гуфтугӯ кард, ки дар ҷараёни он масъалаи густариш ва рушди равобити тиҷорат ва иқтисодӣ дукишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидор ба манзури рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба, иҷрои пружаҳои авлавиятдор дар ҳавзаҳои иқтисоди миллӣ бо истифода аз зарфиятҳои дуҷонибаи мавҷуд дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо сармоягузории давлати Қатар пешниҳод шуд. Дар поёни ин дидор тарафайни омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба эълом карданд.