Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири нави Афғонистон дар Душанбе
Декабр 21, 2016 11:42 Asia/Dushanbe
Сафири навтаъини Афғонистон Залмай Юнусӣ эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тақдим намуд.
Ба иттилои сайти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин дидор, ки 20 декабри соли 2016 сурат гирифт, дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд.
Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар низ табодули назар сурат гирифт.
Барчасп