Афзоиши тадобири амниятӣ дар атрофи сафорати Русия дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10204-Афзоиши_тадобири_амниятӣ_дар_атрофи_сафорати_Русия_дар_Душанбе
Сафорати Русия дар Тоҷикистон тадобири амниятиро дар атрофи сохтмони ин сафоратхонахо афзоиш додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 21, 2016 12:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадобири амниятӣ дар атрофи сафорати Русия дар Душанбе

Сафорати Русия дар Тоҷикистон тадобири амниятиро дар атрофи сохтмони ин сафоратхонахо афзоиш додааст.

Ба иттилои РИА Новости, Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ин хабарро дар маросими ёдбуди ҳамтои кушташудааш дар Туркия эълом кард .

Дар ин маросим, ки дар сафорати Русия дар Душанбе баргузор шуд, Игор Лякин-Фролов афзуд: Баъд аз кушта шудани Андрей Карлов дар Туркия бо дархости сафорат, тадобири амниятӣ дар хориҷ ва дохили сохтмони сафоратхонахо ташдид шудааст .

Дар ин маросим Алӣ Рафъат Куксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон низ гуфт: Ниҳодҳои қазоии кишвараш ҳатман омилони ин ҳодисаро шиносоӣ хоҳанд кард .

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи акси “Русия аз назари туркҳо” дар Анкара ба зарби гулула кушта шуд .

Бино бар эъломи расонаҳои хабарӣ, ҳамлагари сафири Русия аз маъмурони полис будааст .