Май 10, 2023 11:23 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Намоишгоҳи китоби Теҳрон бузургтарин рӯйдоди фарҳангии минтақа аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон аз инки намояндагони кишвараш ба унвони меҳмони вижаи 34-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ҳузур доранд ибрози хушҳолӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Низомиддин Зоҳидӣ, зимни ибрози хурсандӣ ва сипос аз даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар ин давра аз намоишгоҳ баён кард: Мо бо Эрон дорои муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ ва забонӣ ҳастем. Ин арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва таърихӣ бистари бисёр муносибе барои таомулоти фарҳангӣ байни ду кишвар аст.

Вай ҳадафи Тоҷикистон аз ширкат дар ин давра аз намоишгоҳро тақвияти таомулот бар мабнои муштаракот байни ду кишвар донисту афзуд: Мо омода ҳастем дар ҳамаи барномаҳо ба таври комил ширкат кунем, ба ҳамин манзур китобҳои бисёре бо ҳайати тоҷикӣ ба Эрон оварадем.

Зоҳидӣ бо ишора ба интишори китоби донишномаи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон гуфт: Забони тоҷикӣ яке аз шохаҳои забони форсӣ аст ва аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ин асари донишномаи забони форсӣ ҳам ҳаст. Дар назар дорем аз ин китоб дар яке аз рӯзҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ кунем, ҳамчунин ният дорем як шоми шеърӣ низ бо аҳолии фарҳанги ҳар ду кишвар барпо кунем.

Вай идома дод: Андешаи мо инаст, ки баргузории намоишгоҳ на танҳо бистаре барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст, балки саҳнае барои рӯнамоӣ аз дастовардҳои моддӣ ва маънавии кишварҳои минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳо дар ҳавзаи фарҳанг аст.

Ӯ зарфияти Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистонро бештар аз иқдомоти ахир донисту афзуд: Ин анҷуманҳо ҳастанд, ки бояд пешгоми муносиботу ҳамкориҳо бошанд. Анҷумани пайванд дар Тоҷикистон дигар анҷумане аст, ки тавассути раисиҷумҳури ин кишвар таъсис шудааст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар идома бо изҳори хурсандӣ аз муштаракоти фарҳангӣ байни ду кишвар ва иттилои аҳолии фарҳанги ҳар ду тараф аз вазъияти фарҳангии якдигар гуфт: Хушбахтона аҳолии илму фарҳанги ҳар ду кишвар аз вазъияти фарҳангии якдигар огоҳ ҳастанд.

 

Барчасп