Нишасти вижаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд
Дар чорчӯби сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон, музокирот дар сатҳи олӣ баргузор шуд.
Дар ин дидор, ки дар фазои дӯстиву ҳусни тафоҳум баргузор шуд, сарони кишварҳо ба тафсил дар мавриди доираи васеи равобит байни ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.
Дар ибтидои ин дидор Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар аҳамияти тамосҳои муназзами сиёсӣ дар болотарину олитарин сутуҳ ва нақши калидии онҳо дар идомаи ин равобит таъкид кард.
Дар айни ҳол, ибрози итминон шуд, ки сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Тоҷикистон ангезаи ҷадиде ба тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад дод.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки беш аз сӣ соли равобити дипломатӣ, равобити байни Тоҷикистону Туркманистон дар бисёре аз заминаҳо ба таври фаъол тавсеа ёфтаву тарафайн дар тақвияти ҳамкориҳо ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе даст ёфтаанд.
Дар ин дидор мавзуоти тавсеаи пойдори ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона низ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳимояти фаъоли Туркманистон аз ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар заминаи обу иқлим ташаккур кард.