Май 14, 2023 08:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рузи посдороии забони фарсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ
    Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рузи посдороии забони фарсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёми ба муносибати рузи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ навиштани Шоҳнома санади ҳувияти Эрони куҳан аз қадимитарин тамадунҳои шинохта шудаи ҷаҳон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёми ба муносибати рузи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ навишт Фирдавсӣ дар Шоҳнома фарҳанг ва ҳунари эронзамин, динмадори, ватандусти ва ахлоқмадориро ба зеботарин ваҷҳ ба тасвир кашид ва аз ин манзур асари беназир халқ карда аст.

25 урдибиҳишт баробар бо 15 май дар тақвими расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба номи рузи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузори шуда аст.

Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон омада аст ҳакими фарзонаи Тус ва асари гаронмояш Шоҳнома барои мардуми Эрон ҳамонанди ҳамзабонони Тоҷикистон асари мондгор, гироми ва сазовори эҳтироми абади аст.

Дар ин паём омадааст Фирдавсӣ дар Шоҳнома фарҳанг ва ҳунари эронзамин ва динмадори, ватандусти ва ахлоқмадориро ба зеботарин ваҷҳ ба тасвир кашид ва аз ин манзар Фирдавсӣ асари беназир халқ карда аст.

Собирӣ дар паёми худ оварда аст сабаби ифтихор аст, ки порсизабонон мафохири арзишманди чун Рудакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавӣ ва ҳакимони ҳамчун Фирдавсиро қарнҳо ба ҷомеъаи башарият арза намуданд.

Барчасп