Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон матраҳ кард: Намоишгоҳи байналмилалии китоб рӯйдоде фарҳангӣ дар минтақа аст
(last modified 2023-05-14T14:32:21+00:00 )
Май 14, 2023 19:32 Asia/Dushanbe
  • Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон матраҳ кард: Намоишгоҳи байналмилалии китоб рӯйдоде фарҳангӣ дар минтақа аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар бораи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон гуфт, ба андешаи ман Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар минтақа аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар гуфтугӯ бо Ситоди хабарии 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, зимни ибрози хурсандӣ ва сипос аз даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар ин давра аз намоишгоҳ баён кард, мо бо Эрон дорои муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ, динӣ ва забонӣ ҳастем. Ин арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва таърихӣ бистари бисёр муносибе барои таомулоти фарҳангӣ байни ду кишвар аст. Вай ҳадафи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкат дар ин давра аз намоишгоҳро тақвияти таомулот бар мабнои муштаракот байни ду кишвар донисту афзуд, мо омода ҳастем дар ҳамаи барномаҳо ба таври комил ширкат кунем, ба ҳамин манзур китобҳои бисёре бо ҳайати тоҷикӣ ба Эрон оварадем.

Зоҳидӣ дар бораи иқдомоти ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ гуфт, нақд, муаррифӣ ва рӯнамоии китоб дар канори нишасти тахассусии таомулоту чашмандози фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон ва ҳамчунин нишасти тахассусӣ дар мавриди вазъи имрӯзаи адабиёти Тоҷикистон байни мутахассисони ду кишвар, аз ҷумлаи барномаҳои ғурфаи кишварамон аст. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба интишори китоби донишномаи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон гуфт, забони тоҷикӣ яке аз шохаҳои забони форсӣ аст ва аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ин асари донишномаи забони форсӣ ҳам ҳаст. Дар назар дорем аз ин китоб дар яке аз рӯзҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ кунем, ҳамчунин ният дорем як шоми шеърӣ низ бо аҳолии фарҳанги ҳар ду кишвар барпо кунем.

 

Барчасп