Декабр 21, 2016 15:51 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм шуд

Раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистони густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо давлати Тоҷикистонро барои мубориза бо терроризм хостор шуд.

Ба иттилои хабаргузории Меҳр, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар дидор Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон аз давлати Душанбе хост, то бо Кобул дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунад .

Раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо ибрози хурсандӣ аз равобити дӯстона миёни Кобул-Душанбе афзуд: Давлати ваҳдати миллии Афғонистон бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми муқобил, равобити созанда бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ҳамкорӣ мекунад ва дар ин замина Тоҷикистон аз ҳамсоягони хуби Афғонистон аст.

Абдуллоҳ бо ишора ба шароити ҳассоси минтақа низ гуфт: Терроризм ва ифротгароӣ таҳдиди бузурге барои тамоми кишварҳои минтақа ба вижа кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва Афғонистон худ дар хатти муқаддами муборизаи зидди терроризм аст .

Раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон таъкид кард: Давлати Кобул умедвор аст, ки тамоми кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон барои муқобила бо терроризм бо ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳамкории ҷиддитар ва бештаре дошта бошанд .

Сафири Тоҷикистон дар Кобул низ гуфт: Душанбе омодаи ҳамкории бештар барои тақвияти равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва транзитӣ бо давлати ваҳдати миллии Афғонистон аст, то аз фурсатҳои мавҷуд барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар ҳар ду кишвар истифодаи беҳтаре шавад .

 

Барчасп