Май 17, 2023 08:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Шӯрои давлатии Чин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Шӯрои давлатии Чин дидору гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ли Тсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Чин дидору гуфтугӯ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор изҳор дошт, дар даҳ соли гузашта мушорикати стротежӣ байни Тоҷикистону Чин ба сатҳи балади ҷадиде расидааст ва ин равобит намӯнае аз ҳсуни ҳамҷаворӣ ва дӯстии самимона аст.

Вай гуфт, мубодилоти коло байни ду кишвар ба таври пайваста дар ҳоли афзоиш буда ва дар соли гузашта афзоиши он тақрибан 40 дарсад будааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амр ба ҳар ду кишвар имкон медиҳад то ҳаҷми тиҷоратро дар ояндаи наздик ба мизони қобили таваҷҷӯҳе афзоиш диҳанд.

Дар ин дидор роҳҳои тақвияти равобити ду кишвар дар заминаҳои саноиат,  энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, иқтисоди диҷитал, тиҷорати электронӣ, иҷрои пружаҳои бузурги зербиноӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи саноати маъдан баҳсу баррасӣ шуд.

Дар ин дидор мушорикати фанновариҳои навини чинӣ дар бахши фароварии маҳсӯлоти кишоварзӣ бавижа пахта, сабзиҷоту меваҷот ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва дорусозӣ муҳим арзёбӣ шуд.

 

Барчасп