Омодагии мақомоти Хатлони Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва истифода аз зарфиятҳои шаҳрдории Машҳад
(last modified Wed, 17 May 2023 04:35:46 GMT )
Май 17, 2023 09:35 Asia/Dushanbe
  • Омодагии мақомоти Хатлони Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва истифода аз зарфиятҳои шаҳрдории Машҳад

Раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, шаҳрдории Машҳад дар ҳавзаи гардишгарии саломат бисёр хуб амал карда ва дорои зарфияти болое аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Давлаталӣ Саид дар дидори шаҳрдори Машҳад изҳор кард, банда 20 соли пеш ба Машҳад сафар кардам, дар ҳоли ҳозир Машҳад, шаҳре бузург ва сарсабзе аст. Мудирияти ин шаҳр ниёзманди тавонмандии болое аст, ки шумо дорои ин тавонмандӣ ҳастед, тағйироти шаҳр нишондиҳандаи ин мавзӯ аст.

Вай афзуд, мо аз пешниҳодоти шаҳрдори Машҳад ва ҳамкории муштарак дар заминаҳои мухталиф, истиқбол мекунему омодагии истифода аз таҷрибиёту табодул бо онҳоро дорем.

Раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон изофа кард, мо дар заминаи кишоварзӣ, домпарварӣ ва тавлиди гӯшт зарфиятҳои хуберо эҷод кардаем ва омодаи ҳамкорӣ дар ин замина бо шаҳри Машҳад ҳастем.

Далаталӣ Саид таъкид кард, мо мардуми дорои як тамаддун ҳастем, китобҳо ва ашъори Абулқосими Фирдавсӣ ва Рӯдакиро мехонем ва мутаваҷҷеҳ мешавем, ҳар гоҳ ба шаҳри Машҳад сафар мекунем худамонро меҳмон намебинем ва эҳсоси хориҷӣ будан, намекунем гуё дар ватани худ ҳастем. Умедворам байни шаҳри Бохтар, ки пойтахти Хатлон аст бо шаҳри Машҳад хати ҳавоӣ ҳамвор шавад.

Вай бо ишора ба инки дар ҳавзаи гардишгарӣ низ Хатлон дорои фазоҳои табиӣ ва гардишгарии зебое аст, идома дод, ин фазоҳо кумаки бисёре хубе хоҳад кард, ки гардишгарони эронӣ вориди Хатлон шаванд.

Раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон идома дод, шаҳрдории Машҳад дар ҳавзаи гардишгарии саломат бисёр хуб амал карда ва дорои зарфияти болое аст ва бо таваҷҷуҳ ба пешниҳоди шаҳрдории Машҳад, мо дар ин замина низ омодаи ҳамкорӣ бо шумо ҳастем.