Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин
Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин баргузор ва дар ҷараёни он вазъияти кунунӣ ва дурнамои густариши равобит байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин музокиротро Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва тарафи муқобилро М. Лутенберг, масъули равобит бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Олмон бар ӯҳда доштанд.
Дар ҷараёни ин нишаст ҳамчунин Балмон, мудири сиёсии Вазорати умури хориҷаи Олмон ва Имомиддин Сатторзода, сафири Тоҷикистон дар Берлин ширкат карданд.
Дар ҷараёни ин музокирот дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози густариши ҳамкориҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ табодули назари созанда сурат гирифт.