Барқарории чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Инстаграм навишт: Чаҳорумин парвози мустақими байни Эрону Тоҷикистон аз панҷшанбе (18 хурдоди 1402) бо парвози ширкати ҳавопаимоии «Вориш» дар масири Теҳрон – Душанбе - Теҳрон барқарор мешавад.
Бо пайгириҳои анҷом шуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии Тоҷикистон, чаҳорумин парвози мустақим ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва тасҳили сафари гардишгарон анҷом мешавад.
Бар асоси барномаи эълом шуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии Вориш Эйр, ин парвоз аз таърихи 18 хурдоди моҳи 1402 (8 июни 2023) дар рӯзҳои панҷшанбе ҳар ҳафта ва дар соати 7 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ (раҳ .) Теҳрон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12:30 ҳамон рӯз хоҳад буд.