Мусобиқоти байналмилалии ҷудо – ҷоизаи бузурги Душанбе - 2023 баргузор мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i102720-Мусобиқоти_байналмилалии_ҷудо_ҷоизаи_бузурги_Душанбе_2023_баргузор_мешавад
Ҷудокорони тоҷики ширкаткунанда дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузурги Душанбе – 2023 мушаххас шуданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 25, 2023 13:14 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти байналмилалии ҷудо – ҷоизаи бузурги Душанбе - 2023 баргузор мешавад

Ҷудокорони тоҷики ширкаткунанда дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузурги Душанбе – 2023 мушаххас шуданд.

Аз 2 то 4 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқоти байналмилалии ҷудо – ҷоизаи бузурги Душанбе - 2023 баргузор мешавад.

Тоҷикистон бо 34 варзишкор дар рақобатҳои мусобиқоти байналмилалии ҷудо ширкат хоҳад кард.

Ҷоизаи бузурги Душанбе дар қолиби “Тури ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад ва рақобати муқаддамотӣ барои бозиҳои олимпии Порис – 2024 аст.

Ҳудуди 300 варзишкор аз 40 кишвар барои ширкат дар Ҷоизаи бузурги Душанбе – 2023 эъломи омодагӣ карданд.