Май 31, 2023 12:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023

Дзюдочиёни 40 кишвар ба Тоҷикистон меоянд .

Ба гузориши сомонаи Ховар, дзюдочиёни беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд.

То имрӯз барои иштирок дар он 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон аз панҷ қитъа сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) номнавис гардидааст.

Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

 

Барчасп