Ҳабси тӯлонии афсарону сарбозони дастдошта дар шиканҷаву озори наваскарон
Додгоҳе дар Хуҷанд 6 сарбозу 2 афсарро дар латукӯби бераҳмонаи наваскарон, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, муқассир дониста, онҳоро ба ҳабс маҳкум кард.
Дар ин бора манобеи “Спутник” аз додгоҳи низомии Хуҷанд хабар доданд.
Гуфта шудааст, ки додгоҳ барои ду афсар 11.5 сол ва барои шаш сарбози дигар, ки ҳамхидматони худро мавриди латукӯб қарор додаанд 9.5 сол ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ содир кард.
Манбаъ афзуд, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 30 май дар бинои қисми ҳарбии Хуҷанд содир шудааст.
Сарбозон ва афсарон дар "вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ" ва "суистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" айбдор дониста шудаанд.
Видеои латукӯби наваскарон аз ҷониби афсарону сарбозон як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокунишҳои зиёди корбаронро ба вуҷуд оварда буд.