Декабр 22, 2016 20:51 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Тоҷикистон дар Созмони Милал

Маҷмаи умумии Созмони Милал 21 декабр қатъномаи даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди пойдор - 2018-2028»-ро, ки аз сӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Питер Томсон, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли паёме ба раисҷумҳури Тоҷикистон тасвиби ин қатъномаро ба ӯ ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлоси ҷаҳонии об, ки моҳи ноябр дар Будапешт, пойтахти Маҷористон баргузор шуд, тасвиби ҷаҳонии тарҳи "Об барои рушди пойдор - 2018-2028 "-ро пешниҳод карда буд.

 

Барчасп