«Душанбе» барномае барои пайвастан ба Иттиҳодияи Авру Осиё надорад
(last modified Thu, 08 Jun 2023 05:02:32 GMT )
Июн 08, 2023 10:02 Asia/Dushanbe
  • «Душанбе» барномае барои пайвастан ба Иттиҳодияи Авру Осиё надорад
    «Душанбе» барномае барои пайвастан ба Иттиҳодияи Авру Осиё надорад

Раиси бахши матбуъотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард: Мавзӯъи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисоди Авру Осиё дар ояндаи наздик дар дастури қор қарор надорад.

Ба гузориши Садои Хуросон, «Шоҳини Самадӣ» гуфт: Дар сафари Сергей Лавров ва дидор ва музокироти вай бо Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳӯри Тоҷикистон ва «Сироҷиддини Муҳриддин» вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мавзӯъи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи  иқтисоди Авру Осиё баҳсу баррасӣ нашудааст.

Гуфтани аст, ки мавзӯъи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии  Авру Осиё, ки Русия, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон ва Қирғизистон узви он мебошанд. аз соли 2015 ба ин тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад, аммо ҳанӯз мақомоти  тоҷик омодагии худ барои ҳузӯр дар ин Созмонро ба унвони узви аслӣ ё нозир эълом накардаанд.