Содироти зардолуи Тоҷикистон ба Эрону Арабистон
Кишоварзони тоҷик тасмим гирифтаанд зардолу ба Эрону Арабистон содир кунанд .
Бахтиёр Усмонов, раиси идораи кишоварзии ноҳияи Ашт гуфт : То кунун ширкатҳои фароварии меваи минтақаи Суғд беш аз 1400 тон зардолу бардошт ва 3100 тон зардолу ба Русияву Қазоқистон содир кардаанд.
Вай афзуд : Дар ҳоли ҳозир дар ҳоли музокира барои содироти ин мева ба кишварҳои Эрон ва Арабистон ҳастанд.
Ноҳияи Ашт яке аз манотиқи аслии бардошти зардолу ба шумор меравад . Дар ин ноҳия 16 ҳазор ҳектор боғи зардолу вуҷуд дорад, ки 8.5 ҳазор ҳектори он самарадиҳанда аст .
Кишоварзони ноҳия мегӯянд, ки имсол бардошти зардолу хуб аст ва тахмин зада мешавад, ки то 24 ҳазор тон зардолу ҷамъоварӣ шавад.
Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии зардолу дар шаҳристонҳо ва бахшҳои минтақа идома дорад ва қарор аст, то 100 ҳазор тон зардолу ҷамъоварӣ шавад .
Абдулазиз Маҳсудзода-муовини раиси вилояти Суғд низ гуфт : То кунун ҳудуди 5 ҳазору 827 тон зардолу аз минтақаи Суғд ба Русияву Қазоқистон содир шудааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 3 ҳазору 127 тон бештар аст.
Зардолу дар шимоли Тоҷикистон бештар дар шаҳрҳову навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров бардошт мешавад.