Корномаи Тоҷикистон дар заминаи тавлиди қоли дар соли гузашта
(last modified Sun, 11 Jun 2023 07:11:20 GMT )
Июн 11, 2023 12:11 Asia/Dushanbe
  • Корномаи Тоҷикистон дар заминаи тавлиди қоли дар соли гузашта
    Корномаи Тоҷикистон дар заминаи тавлиди қоли дар соли гузашта

Соли гузашта 7.3 миллион метр фарш дар корхонаҳои фарши Тоҷикистон тавлид шуда аст.

Ба гузориши Ховар Соли гузашта дар корхонаҳои қолинбофии Тоҷикистон 7,3 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол карда шудааст.

Муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмал Шарифов дар суҳбати гуфт, ки қолинбофӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати сабук дар мамлакат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.

Ба гуфтаи вай таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, содирот, кам кардани маҳсулоти воридотӣ ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки яке аз самтҳои он содироти қолин ба хориҷи мамлакат мебошад, соли 2022 ба маблағи беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ ба Русия ва Узбекистон қолинҳои истеҳсоли Тоҷикистон содирот шудааст.

Инчунин аз хориҷа, асосан аз Русия, Эрон, Туркия ва Узбекистон дар соли сипаригардида ба маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ 2,6 миллион метри мураббаъ қолин ворид карда шудааст.

Дар ҳолиҳозир дар Тоҷикистон 5 ширкати қолибофи фаъол ҳастанд.

 

Бештар бихонед: