Июн 13, 2023 14:54 Asia/Dushanbe
  • Камошноӣ бо алифбои форсӣ ; тоҷикон дучори маҳдудият дар дунёи интернет

Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда дар Тоҷикистон бештари тоҷикон ба далели ноошноӣ бо хатту алифбои форсӣ аз уқёнуси бекарони дониши забони модарӣ дар дунёи интернет бебаҳраанд .

Онон ҳангоми ҷустуҷӯии иттилоот дар интернет дар ҳавзаҳои мухталиф иттилооту муҳтавои бисёр каме ба хати сириллики тоҷикӣ ёфт мекунанд, ки ин мавзӯ сабаб шуда ба забони русӣ рӯй биоваранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА дар Душанбе,додаҳои дархости ҷустуҷӯ дар интернет нишондиҳандаи камбуди муҳтавои муфид дар забони тоҷикӣ ( форсӣ бо хати сириллик )аст . Аксари пусуҷӯҳои ҷустуҷӯи интерентӣ дар Тоҷикистон ба забони русӣ анҷом мешавад ; алорағми раванди коҳиши ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон забони русӣ ҳамчунон нақши калидӣ дар фазои ахбору иттилоот дар заминаҳои мухталиф дар ин кишвар ифо мекунад .
Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда тавассути як коршиноси тоҷик, ки дар Азия-Плюс мунташир шудааст мардуми форсизабони Тоҷикистон бо вуҷуди доштани муштаракоти амиқи фарҳангӣ бо Эрону Афғонистон, аммо ба хотири монеъи бузург ба номи алифбои бегонаи сириллик робитаи фарҳангии муносибе бо ин кишварҳо надоранд. Мардуми кишвари 10 миллионнафарии Тоҷикистон ба забони форсӣ-тоҷикӣ сухан мегӯянд, аммо ҳудуди 90 сол аст, ки алифбои сириллик ононро аз фарҳангу тамаддуни куҳани порсии дур нигоҳ доштааст .
Ба далели тағйири алифбо имрӯз танҳо дарсади каме аз мардуми Тоҷикистон қодир ба хондану навиштани забони ширини форсӣ бо алифбои ниёкон ҳастанд .
Агар чӣ мақомоти тоҷик талошҳоеро барои форсӣ кардани бисёре аз истилоҳоти забони форсӣ, ки таи даврони Шуравӣ ба русӣ тағйир ёфта буд анҷом додаанд, аммо талоши чандоне барои табдили хати сириллик ба форсӣ анҷом нашудааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп