Ифтитоҳи « Маркази мутолиъоти Тоҷикистон » дар Сиани Чин
Муовини маркази мутолиъоти роҳбурдии Тоҷикистон бо мудири муассисаи мутолиъоти Ҷодаи абрешим ва муассисаи Осиёи Марказии донишгоҳи шимолу ғарбии Чин дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Парвиз Муҳаммадзода-муовини Маркази мутолиъоти роҳбурдии Тоҷикистон дар сафар ба Чин дар шаҳри Сиан бо Лю Шанбин- мудири муассисаи мутолиъоти Ҷодаи абрешим ва муассисаи Осиёи Марказии донишгоҳи шимолу ғарбии Чин дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор ҳамкории илмии байни марокизи фавқ мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт .
Муҳаммадзода зимни суханоне вазъияти кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳонро таҷзияу таҳлил ва онро бисёр печидаву осебпазир хонд ва хотирнишон кард : Дар чунин фароянди печидае нақши утоқҳои фикр дар шиносоӣ ва шинохти хатарот ва таҳдидҳо пешбинии фарояндҳо ва тасмимгириҳои муносиб аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст .
Дар ин росто вай тақвияти пайвандҳои илмӣ ва таҳлилии байни утоқҳои фикри ду кишварро бамавқеъ хонд ва ба ҷойгоҳу нақши калидии кишвараш таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва тавсеаи пешрафтаи ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои минтақа ишора кард .
Лю Шанбин ба навбаи худ низ аз таҷрибаи ғании ҳокимият, раёсат, ҷойгоҳ ва нақши раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба унвони як раҳбари сиёсии муваффақ дар пешбурди чашмандоз ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин қадрдонӣ ва бо дар назар гирифтани ҷойгоҳи вижаи ин кишвар ва нақши Пешвои миллати он гуфт, ки дар Донишгоҳи шимоли ғарбии Сиёни Чин Маркази мутолиъоти Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд .