Декабр 24, 2016 10:20 Asia/Dushanbe
  • Амалӣ шудани 19 тарҳи роҳсозӣ дар Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз амалӣ шудани 19 тарҳи роҳсозӣ бо маблағи 6,5 миллиард сомонӣ хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, теъдоде аз ин тарҳҳо аз аҳамияти дохилӣ ва иддае ҳам аз аҳамияти минтақаӣ бархурдор мебошанд. Тарҳи бозсозии роҳи Сайрон то марзи Қирғизистон дар водии Рашт заминаи беҳбудии ҳамлу нақли колоро миёни Тоҷикистону Қирғизистон фароҳам хоҳад кард. Ҳамчунин бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи ҷадиди Кӯлоб - Дарвоз масири Душанбе ба вилояти Бадахшон кӯтоҳтар ва рафтуомади васоили нақлия миёни Тоҷикистону Чин аз қаламрави вилояти Бадахшон зиёд хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар соли 2017 ба бозсозии роҳҳои Душанбе - Қӯрғонтеппа ва масирҳоеро, ки ба марзи Узбакистон мерасанд, дар авлавият қарор хоҳад дод. Дар соли ҷадид тарҳи бозсозии зерсохторҳои Фурудгоҳи байналамилалии шаҳри Душанбе низ оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, бештари ин тарҳҳо дар Тоҷикистон аз бо қарзи ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кӯмакҳои Чин иҷро мешавад.