Таъкиди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар тақвияти равобит бо Русия
(last modified Tue, 20 Jun 2023 07:19:14 GMT )
Июн 20, 2023 12:19 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар тақвияти равобит бо Русия

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар дидор бо муовини нахуствазири Русия бар аҳамияти тақвияти равобити чандҷониба бо Маскав дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид кард.

Марат Ҳуснуллин-муовини нахуствазири Русия, ки дар сарварии ҳайати давлати кишвараш вориди Тоҷикистон шуда бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ибтидои ин дидор раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар аҳамияти кори ҳамоҳангу муассири Комиссиюни байндавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар ва Русия таъкид ва ба Ҳуснуллин ба унвони раиси ин механизми муҳим дар пешбурди равобити ду тараф, орзӯи муваффақият кард .
Таи ин дидор вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон хотирнишон кард : Тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба бо Русия ҷойгоҳи вижа дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорад ва тарафи тоҷик ба кулли равобити ду кишвар тавваҷуҳи бардавом дорад.
Дар ин росто бар лузӯми тадовуми талошҳои тарафҳо бо ҳадафи иҷрои комили тавофуқоти аз қабл ба даст омада дар заминаи густариши ҷанбаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи ҳамкории байни ду кишвар таъкид шуд.
Ду тараф дар ҷараёни ин гуфтугу бахши васеъе аз масоили ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба вижа дар ҳавзаҳои саноъатӣ аз ҷумла саноъати сабук ва ғизоӣ ва ҳамчунин энержӣ, муҷтамаъи кишоварзӣ ва саноъатӣ, ҳамкории байни манотиқ ва гардишгариро баррасӣ карданд .
Иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба унвони масири авлавиятдори равобити дуҷониба арзёбӣ шуд.
Дар ин гуфтугу ба таъомул дар заминаи муҳоҷират ба вижа тақвияти ҳимояти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин ҳифзу густариши фазои муштараки маънавӣ ва фарҳангии мардуми ду кишвар тавваҷуҳи лозим шуд .
Дар ҳамин росто раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон зимни мусбат арзёбӣ кардани сатҳи кунунии равобит дар заминаҳои башардӯстона бар аҳамияти тазмини тавсеаи бештари ҳамкории амалии ду тараф дар заминаҳои илм, омӯзишу парвариш ва фарҳанг ба унвони мавзӯъоти муҳими дастури кори дуҷониба таъкид кард.
Дар дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистону муовини нахуствазири Русия ҳамчунин соири мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .