Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Jun 2023 13:05:46 GMT )
Июн 20, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалингро ифтитоҳ кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд

Бинои хуштарҳу замонавии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав дар масоҳати 260 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд карда шудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои кору хизмати афсарон ва умуман фаъолияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар дохили бино нуқтаи навбатдории фаврӣ, толор барои доир намудани ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ барои хизматчиёни ҳарбиву кормандон ва дигар ҳуҷраҳои маишӣ мавҷуд буда, иншоот бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ, мебел, воситаҳои алоқаи муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва бо дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.