Таътилоти тобистонии муаллимони тоҷик
158 ҳазор мураббӣ ва муаллими тоҷик аз аввали июн ба таътилоти тобистонӣ рафтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, таътилоти онҳо 56 рӯз таъйин шудааст.
Сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, Агарчӣ муаллимон расман ба мурраххасӣ рафтанд, аммо бархе аз онҳо то 20 июн аз донишомӯзон имтиҳон мегиранд.
Наврӯзи Мирзо гуфт, касоне, ки дорои унвони илмӣ, собиқаи кори тӯлонӣ ва ҷавоизи давлатӣ ҳастанд, 56 рӯз истироҳат кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, имсол 158 ҳазору 293 нафар омӯзгор дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, коллеҷ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва аз ин 126 ҳазору 354 нафар дар дар мактабҳо ва 12 ҳазору 689 нафар дар дар муассисаҳои олии кишвар фаъолият мекунанд.
Мақомот мегӯянд, омӯзгорони нисбатан фаъолро дар давраи истироҳатӣ ба истироҳати ройгон ба осоишгоҳҳои кишвар мефиристанд.
Аз ҷумла, чанде пеш Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар дод, ки наздики 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро 12 рӯз дар осоишгоҳ хоҳанд гузаронд. Харҷи маблағи осоишгоҳ аз ҳисоби ҳукумати Суғд пардохт мешавад.