Душанбе-мизбони ҳамоиши тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ
Дар чорчӯби ҳамоиши тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Корея фурсатҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин фазои сармоягузории Тоҷикистон барои сармоягузорони Кореяи ҷанубӣ муаррифӣ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш бо мушорикати беш аз 150 нафар аз ҷумла руасову намояндагони ниҳодҳои давлатии бахши иқтисод аз ҷумла дар ҳавзаи саноъат, энержӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, беҳдошт, фанновариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ ва хадамоти ду кишвар ширкат карданд.
Дар ҳамоиш фурсатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин фазои сармоягузорӣ муаррифӣ шуд .
Саъдӣ Қодирзода-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва ҷазбу ошноии сармоягузорону корофаринони кореяӣ бо фурсатҳои сармоягузории ин кишвар ва ҳамчунин густариши равобити сармоягузорӣ ва тиҷорӣ, фурсатҳои эҷоди равобити мустақими байни бахши хусӯсии ду кишвар, эҷоди бунгоҳҳои муштараки саноъатиро аз аҳдофи ин ҳамоиш унвон кард .
Дар чорчӯби ин ҳамоиш ҳамчунин музокироти дуҷониба дар қолаби тиҷорат бо тиҷорат анҷом шуд ва асноде дар заминаи мушорикати байни сармоягузорону тоҷирони ду кишвар ба имзо расид.