Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии мубориза бо биёбонзоӣ
(last modified Sat, 24 Jun 2023 14:26:08 GMT )
Июн 24, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии мубориза бо биёбонзоӣ

Ба ибтикори Конвенсияи Созмони милал барои мубориза бо биёбонзоӣ рӯзҳои 10 - 11 тирмоҳ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҳамоише илмӣ ва амалӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ҳамчунин Русия, Беларус, Гурҷистон ва Молдова дар мавриди мавзуоти калидии Конвенсия ва роҳҳои расидагӣ ба онҳо аз тариқи мудирияти пойдори замин, бетарафии тахрибу вокуниши зӯдҳангом ба хушксолӣ ва ҳамчунин коҳиши асароти тӯфонҳои шину гарду ғубор табодули назар мекунанд.

Ширкаткунандагони ин конфаронс иттилооти лозим дар мавриди кишварҳо ва манотиқи мухталиф ироа хоҳанд кард ва ҳамчунин бар нақши муҳими ҳуқуқи замини амн ба унвони катализатор барои мушорикати занон дар мудирияти замин тамаркуз хоҳанд кард.