Июн 28, 2023 11:46 Asia/Dushanbe
  • Хидматрасонии пизишки тоҷики сокини Олмон дар Тоҷикистон
    Хидматрасонии пизишки тоҷики сокини Олмон дар Тоҷикистон

Пизишки тоҷики сокини Олмон дар Тоҷикистон ҷароҳии анҷом хоҳад дод.

Ситора Ниёзова аҳли Тоҷикистон ва акнун ба унвони ҷароҳ дар Олмон машғул ба кор аст ва ҳамкорияш барои анҷоми ҷароҳи ба Тоҷикистон меояд онҳо қарор аст кудакони хонаводаҳои фақирро ҷароҳи кунанд.

Ниёзова 22 то 30 июл дар Тоҷикистон аст тамаркузи онҳо бештар бар руи ислоҳи амалкарди ноҳанҷориҳои модарзодии кудакон, зебои бини, ҷароҳи плостикии пелк ва сурат аст.

Ситора ниёзова мегуяд: Ҳадафи мо ва шахсан ман ин аст ки ба мардумам ба вижа кудаконе, ки ниёз ба ҷароҳи дорад кумак кунем.

У мегуяд ман ҳамчунин қасд дорад як дарси корбурди дар мавриди дармон ва муроқибат аз беморони сухтаги баргузор кунам.

У афзуд: Ҳамонтавре ки медонед Олмон дар феҳрести батарин кишварҳои ҷаҳон дар заминаи рушди пизишки қарор дорад ва ман низ дар тули муддати фаъолияти худ ва дар зиндагии тахасуси худ чизҳои зиёди ёд гирифтам ва бо ҷадидитарин равишҳои амал ва дамрон ошно шудам ва фикр мекунам замони интиқоли ин дониш ба ҳамкорони дохилимон расида аст то таҷрубиёти худро бо онҳо дар миён бигузорем.

Ба гуфтаи Ниёзова барномарези шуда аст, ки ҷароҳи фақат дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор анҷом шавад аммо дар оянда анҷоми чунин амалиётеро дар дигар манотиқи Тоҷикистон дар назар хоҳем гирифт.

Барчасп