Шарти Русия барои поёни мушкилоти парвозӣ бо Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i10447-Шарти_Русия_барои_поёни_мушкилоти_парвозӣ_бо_Тоҷикистон
Мақомоти Русия эълом кардаанд, мушкилоти мавҷуди парвоз бо Тоҷикистон танҳо замоне рафъ мешавад, ки тарафи тоҷик хостаи ин кишвар дар бораи ба расмият шинохтани фурудгоҳи Жуковский дар атрофи шаҳри Маскавро бипазирад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2016 15:22 Asia/Dushanbe
  • Шарти Русия барои поёни мушкилоти парвозӣ бо Тоҷикистон

Мақомоти Русия эълом кардаанд, мушкилоти мавҷуди парвоз бо Тоҷикистон танҳо замоне рафъ мешавад, ки тарафи тоҷик хостаи ин кишвар дар бораи ба расмият шинохтани фурудгоҳи Жуковский дар атрофи шаҳри Маскавро бипазирад.

Баъд аз он, ки мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русии «Ямал»-и Русия иҷоза надоданд, аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе парвоз кунад, мақомоти Русия рӯзи 22 декабр ширкати хусусии “Сомон Эйр”-ро ба истиснои шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав аз ҳаққи парвоз ба чандин шаҳри дигари Русия маҳрум карданд.

Тоҷикистон дар посух ба ин иқдом ширкати «Уралские авиалинии» -ро аз ҳаққи парвоз ба Душанбе маҳрум кард. Расонаҳои Тоҷикистон имрӯз (шанбе) ба нақл аз хабаргузории ИТАР ТАСС навиштанд, дар пайи манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Русия ва «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон, мақомоти Русия гуфтаанд, мумкин аст, дигар ширкатҳо низ ба ҳамин сарнавишт дучор шаванд.

Русия гуфтааст, ки фурудгоҳи Жуковский, як фурудгоҳи мустақили байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва дар ҳавзаи ҳавоии Маскав нест. Бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, парвозҳои дутарафа аз ин фурудгоҳҳо байни ширкатҳои ду кишвар тақсим шудааст ва яке аз онҳо наметавонд, бештар аз дигаре парвоз анҷом диҳад.

ИТАР ТАСС менависад, "ягона шарт барои аз сар гирифтани парвози бемаҳдуди ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон ва аз "Сомон Эйр" ба Русия ин аст, ки Тоҷикистон фурудгоҳи “Жуковский”-ро марбути ҳалқаи Раменски эътироф кунад". Яъне иҷоза бидиҳад, ки аз ин фурудгоҳ ҳар қадаре, ки ширкатҳои русӣ мехоҳанд, ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи мусоҳиби ИТАР ТАСС мумкин аст, моҷаро аз ин ҳам бадтар шавад ва парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигар низ ба қаламрави Тоҷикистону Русия манъ шавад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ бояд мусофиркашонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ баробар тақсим шавад, аммо ба гуфтаи мақомоти Русия ин муқаррарот фақат ба “Ҳалқаи ҳавоии Маскав” дахл дорад, на ҳалқаи ҳавоии Раменски.

Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Тоҷикистон нақзи тавозун ва хилофи тавофуқномаҳои байни ду кишвар аст. Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳар гуна фишор дар ин заминаро ғайриқобили қабул донистанд. Музокироти ду тараф дар ин маврид, дар рӯзҳои 21 ва 22 декабр натиҷа надод ва Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия баъд аз ин музокирот бо ирсоли ёддошти эътирозӣ ба Вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки Тоҷикистон тавофуқномаи иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишварро нақз накардааст ва баракс, Вазорати ҳамлу нақли Русия муқаррароти ин тавофуқномаро нодида мегирад.

Ҷанҷол бар сари парвози ҳавопаймоҳо байни Русия ва Тоҷикистон сабаби саргардонии садҳо мусофир ва ба хусус муҳоҷирони корӣ шудааст, ки байни ду кишвар рафту омад доранд.