Коҳиши мизони содироти коло аз Тоҷикистон
(last modified Wed, 05 Jul 2023 05:13:06 GMT )
Июл 05, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши мизони содироти коло аз Тоҷикистон
    Коҳиши мизони содироти коло аз Тоҷикистон

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 560 миллион доллар коло содир шуд, ки 34 дарсад ё 288 миллион доллар камтар аз муддати мушбеҳи соли 2022 аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон коҳиши ҳаҷми содироти Тоҷикистон аввал ноши аз коҳиши фулузот ва сангҳои қимати ва нимақимати коҳиши 97 дарсад, алёфти пахта 55 дарсад, колоҳои бофандагӣ 44 дарсад аст.

Ҳамчунин ҳаҷми содироти сабзиҷот ва меваҷот ва маҳсулоти маъданӣ семант, санги маъдан, барқ, ангиштсанг низ коҳиш ёфта аст.

Шарикони аслии содироти Тоҷикистон дар ин давраи замони Қазоқистон 23.6 дарсад аз ҳаҷми кулли содироти коло, Чин 22 дарсат, Туркия 13.1 дарсад ва Русия 12.9 дарсад буданд.

Дар ҳамин ҳол воридоти коло бо 21 дарсад афзоиш аз 1.9 миллиард доллар ба 2.3 миллиард доллар афзоиш ёфт.

Воридоти бештар шомили маҳсулоти маъданӣ, фаровардаҳои нефти, газ, ангиштсанг 17 дарсад, таҷҳизоти кишоварзӣ 14 дарсад сухти арзон ва маҳсулоти он 10 дарсад буд.

Маҳсулот аз Русия 27.8 дарсад, Чин 20.4 дарсад ва Қазоқистон 15.1 дарсад ба Тоҷикистон ворид шуда аст.

Ба таври кулли ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар январ то майи соли ҷорӣ беш аз 2.8 миллард доллар буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 3.9 дарсад афзоиш дошта аст.