Июл 08, 2023 11:00 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҷойгоҳи тими миллии футболи занони Тоҷикистон дар радабандии ФИФА

Тими миллии футболи занони Тоҷикистон дар радабандии ФИФА панҷ пила поин омад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, тими миллии футболи занони Тоҷикистон дар рутбаи 149-и радабандии ФИФА қарор гирифт . Ба гуфтаи манбаъ тими миллии бонувон дар ин радабандӣ нисбат ба соли гузашта панҷ пила суқут кардааст . Дар байни тимҳои футболи занони кишварҳои Осиёи марказӣ тими Узбекистон аз раддаи 50 ба 49 суъуд кард, тими Қазоқистон низ аз радаи 100 ба радаи 99 расидааст . Ҳамчунин дар ин радабандӣ тими миллии бонувони Қирғизистон дар радаи 128 ва Туркманистон дар радаи 137 қарор гирифтанд.
Тими миллии Тоҷикистон баъд аз тими Туркманистон дар ин руйхат қарор дорад .
Дар ин радабандӣ тимҳои миллии футболи занони Амрико, Олмон, Шветсия, Англия ва Фаронса дар садр ҳастанд.
 

 

Барчасп