Июл 10, 2023 18:03 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чин
    Душанбе мизбони ҳамоиши тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чин

Имруз ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бо мушорикати корофаринон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чин баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҷустуҷуи шарикон, муаррифии тавони иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон афзоиши воридот ва содироти маҳсулоти байни ду кишвар унвон шуда аст.

Бар асоси эъломи кумитаи сармоягузори ва мудирияти давлатии Тоҷикистон дар ин руйдод қарор аст ки 19 созмон аз вилояти Сискиёнги Чин ва 80 корофарин аз Тоҷикистон ки дар бахшҳои монанди энергетика, кишоварзӣ ва саноат машғули кор ҳастанд ширкат кунанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин раисон ва намояндагони кумитаи сармоягузори ва мудирияти амволи давлати, Вазорати саноат ва фановариҳои навин, Вазорати рушди иқтисод ва савод, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Барчасп