Тахриби биноҳои берун аз нақшаи генералии шаҳр дар Панҷакент
(last modified Wed, 19 Jul 2023 16:08:03 GMT )
Июл 19, 2023 21:08 Asia/Dushanbe
  • Бардоштани биноҳое, ки ба симои меъмории шаҳр халал ворид мекунанд
    Бардоштани биноҳое, ки ба симои меъмории шаҳр халал ворид мекунанд

Мақомоти Панҷакент мегӯянд, биноҳое ки бар хилофи нақшаи генералии шаҳр сохта шудаанд ва ба симои меъмории шаҳр халал ворид мекунанд, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ тахриб мешаванд.

Дар ин бора сомонаи “Спутник” ба нақл аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додаааст.

Мақомоти шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки то 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳр 1000 иншооти гуогун сохта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, то оғози моҳи ҷорӣ 229 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло сохтмони 106 иншоот, аз ҷумла 24 бинои баландошёна идома дорад.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳамроҳ бо мақомдорон аз теъдоде иншооти бунёдшаванда ва ҳолати роҳу кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла, рафти сохтмони меҳмонхона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷориву хидматрасонӣ дар кӯчаи Борбади Марвазӣ ва хиёбони Рӯдакӣ, вазъи таъмиру ободонии кӯчаи Терешкова ва сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан кард.