Июл 23, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон
    Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон

Сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, тибқи барномарезиҳо муқарар шудааст то поёни сол ройзани бозаргонии мо дар Тоҷикистон мустақар шавад.

Ба гузориши “Бозор”, Меҳдии Зийғамӣ дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, мавонеи тавсеаи тиҷорат миёни ду кишварро баррасӣ кард ва барои ҳалли онҳо ва сурат додани барномарезӣ ройзанӣ кард.

Вай бо баёни ин ки барномаи давлати сенздаҳум ва сафарҳои руасои ҷумҳурии ду кишвар ба Эрону Тоҷикистон нишон аз тавваҷуҳи вижа ба Тоҷикистон дорад, хотирнишон кард: Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳамоиши мазкур бо ҳузури руасои ҷумҳурии ду кишвар баргузор шавад.

Сарпарасти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон низ бо ишора ба коҳиши ҳаҷми тиҷорат миёни 2 кишвар, аз баррасии илал ва талош барои рафъи мавонеъ дар ҷиҳати тавсеаи тиҷорати Эрону Тоҷикистон хабар доду гуфт: Тибқи барномарезиҳо муқарар шудааст то поёни сол ройзани бозаргонии мо дар Тоҷикистон мустақар шавад.

Зийғамӣ таъкид кард, ҳузур дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва эъзому пазириши ҳайатҳои тиҷории ду кишвар низ аз барномаҳои аслии Созмони тавсеаи тиҷорат дар ҷиҳати афзоиши мубодилоти тиҷорӣ маҳсуб мешавад.

 

Барчасп