Тавлиди либоси мактабӣ дар 80 ширкати Тоҷикистон
(last modified Mon, 24 Jul 2023 08:42:04 GMT )
Июл 24, 2023 13:42 Asia/Dushanbe
  • тавлиди либоси мактабӣ
    тавлиди либоси мактабӣ

80 ширкат дар Тоҷикистон либоси формаи мактабӣ тавлид мекунанд.

Бо наздик шудан ба соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон, хариди лавозими мактабӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ ба мавзуи муҳим барои волидайни донишомӯзон табдил шудааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки ҳудуди 80 ширкати саноатӣ дар тавлиди либоси мактабӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Бар асоси иттилооти ин муассиса, бештарин теъдоди бунгоҳҳои тавлиди либоси мактабӣ дар шимоли Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Бар асоси омори ироашуда аз сӯи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, 36 коргоҳи тавлиди либоси мактабӣ дар вилояти Суғд вуҷуд дорад.

Теъдоди корхонаҳои тавлиди либоси мактабӣ дар вилояти Хатлон низ 29 корхона баровард шудааст.

Дар вилояти Бадахшон ҳам 4 ширкат ба тавлиди либоси формаи мактабӣ машғул ҳастанд.

Мақомот мегӯянд, ҳамчунин 9 ширкат дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 2 ширкат дар шаҳри Душанбе вуҷуд дорад.

Масъулон мегӯянд, дар моҳи август дар шаҳрҳову манотиқи кишвар низ намоишгоҳе барои фурӯши либоси формаи мактабӣ баргузор хоҳад шуд, ки  дар он либоси формаи мактабӣ бо қимати нисбатан муносиб ба муштариён арза мешавад.