Июл 25, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
  • Нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад
    Нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад

Варзишкорони Тоҷикистон дар нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ бо 100 варзишкор ширкат мекунанд.

Нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар Чин баргузор мешавад.

Кумитаи баргузории бозиҳо эълом кард, ки 45 узви кумитаи миллии олимпӣ (NOC)-и Шӯрои олимпии Осиё беш аз 12500 варзишкорро барои ҳузур дар нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ сабти ном кардаанд.

Дар ҳаждаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 11300 варзишкор ширкат доштанд.

 

Барчасп