Сафари сафири Амрико дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд
(last modified Wed, 26 Jul 2023 05:37:24 GMT )
Июл 26, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Сафари сафири Иёлоти Муттаҳида ба шаҳри Хуҷанд
    Сафари сафири Иёлоти Муттаҳида ба шаҳри Хуҷанд

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон сафар ва бо Раҷаббой Аҳмадзода, устондори ин минтақа дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн ба баррасии масоили марбут ба ҳамкории судманди Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон, фурсатҳои сармоягузории мустақими хориҷӣ дар вилояти Суғд ва имконоти лозим ҷиҳати тавсеаи ин минтақа пардохтанд.

Дар поён Микаллер ба хотири ҳимоятҳои раиси вилояти Суғд аз барномаҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа изҳори қадрдонӣ кард.

Дар обони 1400 низ Ҷон Марк Поммершейм, сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, ба манзури роҳандозии пружаи «ҳифозату мариммати саҳни бостонии Панҷакент» ба шаҳри Панҷакент, воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон сафар карда буд.

Ҳазинаи ин пружа ҳудуди 165 ҳазор доллар пешбинӣ шуда буд, ки тавассути Сандуқи суфарои Иёлоти Муттаҳида таъмин шуд.