Июл 28, 2023 21:27 Asia/Dushanbe
  • ВКХ: Зуҳури таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва терроризм, хусумат, ҷангу низоъҳоро маҳкум мекунем
    ВКХ: Зуҳури таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва терроризм, хусумат, ҷангу низоъҳоро маҳкум мекунем

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тазоҳуроти эътирозӣ дар Ғарб барои оташ задани китоби муқаддаси кулли мусалмононро ғайри қобили қабул хонд.

Ба гузориши “Спутник”, дар баёнияи Вазорати хориҷии Тоҷикистон омадааст: “Таҳқири Қуръони Карим дар ҷомеа низоъ ба вуҷуд оварда, ихтилофи байни динҳоро бармеангезад.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон эълом кард, намояндагии дипломатии кишвар ҳар зуҳури таҳаммулнопазирӣ, ифротгароӣ ва терроризм, хусумат, ҷангу низоъҳоро маҳкум мекунад.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон  таъкид кард: "Мо ҳамеша ҷонибдори муколамаи созандаи тамаддунҳо ҳастем".

Қаблан миллатгароён дар Дания дар як рӯз ду Қуръонро оташ зада буданд.

Иқдоми созмони радикалии "Патриотҳои Дания" дар назди сафоратхонаҳои Миср ва Туркия дар Копенгаген сурат гирифт.

Пеш аз ин аъзоёни як гуруҳ ду маротиба дар назди бинои намояндагии дипломатии Ироқ китоби муқаддаси Қуръонро оташ зада, парчами Ироқро таҳқир карданд.

Ёдовар мешавем, ки пулиси Шветсия рӯзи 28 июн - дар рӯзи аввали иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд, ки боиси мавҷи норизоятӣ ва ҷокуниши кишварҳои исломӣ ва мусулмонони ҷаҳон шуд.

 

Барчасп