Мамнӯъияти пардохти нақдӣ барои хидматрасонии умумӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 04 Aug 2023 12:54:48 GMT )
Август 04, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯъияти пардохти нақдӣ барои хидматрасонии умумӣ дар Тоҷикистон

Ба дастури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон пардохтҳои нақдӣ барои хидматрасонии умумӣ дар ин кишвар мамнӯъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, бинобар ин дастур аз ин пас пардохти андоз, хидматрасонии барои дарёфти муҷаввиз, ҷаримаҳо, ҳазинаи суғуртаи давлатӣ, хадамоти пизишкӣ, маблағи обу барқ ва дигар навъҳои хадамоти умумӣ дар ин кишвар ба сурати ғайринақдӣ анҷом мешавад.
Ҳамчунин бар асоси ин фармон барои вазоратхонаҳо ва идораҳо,созмонҳои давлатӣ ва муассисоти молии эътибории Тоҷикистон дарёфти маблағи хидматрасонӣ ба сурати ғайринақдӣ мумкин аст.
Дастгоҳи иҷроии раиси ҷумҳӯр, вазоратхонаҳои адлия,молия,Бонки Миллӣ ва Хадамоти мухобирот муваззаф шуданд то 31 декабри соли ҷорӣ барои фаъолсозии пойгоҳҳои воҳиди пардохти хадамоти умумӣ тадобири лозимро анҷом диҳанд.