Ибрози ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагони садами ронандагии Кулоб
Дар паи садамаи маргбори нақлиётӣ дар шаҳри Кулоб, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо хонаводаҳои бозмондагон ибрози ҳамдардӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асари нақси фаннии мошини боркаш ба як худрав ва ду хонаи маскӯнӣ бархӯрд кард, ки дар натиҷаи он 10 нафар ҷони худро аз даст доданд ва чанд нафар низ захмӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён иброз ва барои захмиён орзӯи беҳбудии фаврӣ кард.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ҳамчунин ба сохторҳову масъӯлони марбута дастур дод, то бо кумакҳои моддӣ ба хонаводаҳои қурбониён иқдомоти фаврӣ барои мудовои маҷрӯҳон ва таъмири манзилҳои осебдида анҷом диҳанд.