Август 09, 2023 11:34 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 7 ҳазор тон дору дар нимаи нахусти 2023 ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол аз 51 кишвари ҷаҳон ҳудӯди 7. 7 ҳазор тон дору ворид карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 2 ҳазор тон бештар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июни соли ҷории милодӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 2 ҳазор тон дору бештар ворид кардааст.

Бар асоси гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин кишвар дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ аз 51 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳудӯди 7.7 ҳазор тон дору ба маблағи 30 миллион доллар ворид карда, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 2 ҳазор тон ё 35 дарсад бештар аст.

Ин дар ҳоле аст, ки умдаи доруҳои воридотӣ ба Тоҷикистон тайи ин муддат аз Ҳинд 38 дарсад ва аз Русия 25 дарсад баровард шудааст.

 

Барчасп