Эҳдои лавҳи сипоси шаҳрдори Турсунзода ба қаҳрамони ҷаҳон
Шаҳрдори Турсунзода аз варзишкори тоҷик қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Парвиз Акрам, шаҳрдори Турсунзода аз Ҷавоҳир Шодиев, қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта таҷлил кард. Ҷавоҳири Шодиеви 17 сола сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри мазкурдар аст, ки муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ мухталит шуд.
Мусобиқоти ҷаҳонии муҳорибаҳои омехта аввал то ҳафтуми августи соли ҷорӣ дар Абузабӣ баргузор шуд.
Шодиев унвони қаҳрамонии ҷаҳонро дар байни варзишкороне аз 46 кишвар дар дастаи 56 килограм касб кард. Ҷавоҳир руқабои худ аз Иморот, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистону Тоҷикистонро шикаст дод ва дар финал ҳам тавонист дар аз садди варзишкори украинӣ убӯр кунад.