Афзоиш вурӯди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон
Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омодаанд 40.7 дарсад бештар аз соли гузаштааст.
Камолиддин Муминзода, раиси Кумитаи рушди гардишгарии вобаста ба давлати Тоҷикистон гуфт: Дар шаш моҳи соли 2023, теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳӯрии Тоҷикистон омаданд, бо дар назар гирифтани анвоъи мақосиди сафар ( тиҷорӣ, тафреҳи ва ғайра), болиғ бар 627 ҳазор нафар буда, ки нисбат ба шаш моҳаи нахусти соли 2023, 181 ҳазору 867 нафар муъодили 40.7 дарсад бештар аз ибтидои соли гузашта будааст. Вай бо эъломи ин матлаб имрӯз дар як конфронси матбуъоти ба хабарнигорон афзӯд: Аз маҷмӯъи шаҳрвандони хориҷии ворид шуда ба Ҷумҳӯрии Тоҷикистон, 487 ҳазору 403 нафар ба унвони гардишгар ворид шудаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2022, 124 ҳазору 314 гардишгар муъодили 34.2 дарсад афзоиш доштааст.
Оқои Муминзода дар идома тасреҳ кард, ки аз теъдоди гардишогарони ворид шуда 453 ҳазору 559 гардишгар аз кишварҳои муштаракул манофеъ ва 33 ҳазору 844 гардишгар аз дигар кишварҳо мебошад