Узвияти донишгоҳи Хуҷанд дар шурои донишгоҳҳои Авруосиё
Донишгоҳи Хуҷанд узви шурои донишгоҳҳои Авруосиё шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник донишгоҳи омузгори ва донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон узви анҷумани донишгоҳҳои Авруосиё шуданд.
Муъмин Шарифзода раиси донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон гуфт: Дар понздаҳумин нишасти шурои анҷумани донишгоҳҳои Авруосиё дар Маскав, донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд ба узвияти ин сомзони илмии таъсиргузор пазируфта шуд.
Раиси донишгоҳи Хуҷанд таъкид кард: Узвият дар ин шуро заминаи муносиберо барои ҳамкориҳои илмӣ барои табодули таҷрубиёт дар тамоми заминаҳои фаъолияти донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои CIS фароҳам мекунад.
Вай изҳор кард: Ин севумин донишгоҳи Тоҷикистон аст, ки ба унвони узви аз анҷумани донишгоҳҳои Авруосиё пазируфта шуда аст.