Август 16, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз теъдоде дидбонгоҳҳои марзӣ бо Афғонистон бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон

Бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоде дидбонгоҳҳои марзӣ бо Афғонистон баҳрабардорӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  Ази Плюс, Эмомалӣ Раҳмон посгоҳи марзии “Қалъаи Хумб”-ро ифтитоҳ кард. Кори сохту сози ва насби таъсисоти низомӣ дар феврали 2023 оғоз шуд.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат буда, бо тамоми лавозимоти хизмат аз қабили рахти хоб, маводи шустушуйии шахсӣ барои ҳар як сарбоз таъмин мебошад.

Ба нвиштаи манбаъ, ҳамчунин, дар отряди сарҳадии “Дарвоз” дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор дод.

 

Барчасп