Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон
Август 18, 2023 19:41 Asia/Dushanbe
Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба вилояти Бадахшон майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, рӯзи 17 август дар чорчӯби сафари кории раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии вилояти худмухтори Бадахшон майдони Парчами давлатӣ дар масоҳате ба вусъати 2300 метри мураббаъ ва бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Вазорати энержӣ ва манобеи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Шуғнон масъулияти таъмини молии ин пружаро бар ӯҳда доштанд.
Барчасп