Барномарезӣ барои сохти 477 маркази дармонӣ дар шаҳрҳову ноҳияҳои Хатлон
477 маркази дармонӣ дар шаҳрҳову ноҳияҳои Хатлон то сию панҷумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.
Давлаталӣ Саид-раиси вилояти Хатлон гуфт : Сохти 28 бемористон, 61 маркази беҳдошт, 195 дармонгоҳ, 14 зойишгоҳ, 164 дорухона ва 15 маркази ҷарроҳиҳои кучак дар Хатлон барномарезӣ шудааст . Раиси вилояти Хатлон ибрози итминон кард, ки бо истифода аз имтиёзот бисёре аз мушкилоти саноъат ҳал хоҳад шуд . Вай аз баҳрабардорӣ аз 18 маркази дармонӣ ба арзиши беш аз 11 миллион сомонӣ дар шаҳристонҳову бахшҳои минтақа хабар доду афзуд : Ҳамакнун сохти беш аз 81 маркази дигар дар дасти иқдом аст. Бар асоси оморҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1.8 ҳазор муассисаи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар Хатлон вуҷуд дорад.