Август 22, 2023 12:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори Рустами Эмомалӣ бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони Чин

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бо Жао Летзи, раиси кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқи Чин дидору гуфтугӯ кард.

Дар таърихи 21 август дар чорчӯби сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии халқи Чин ин дидор доир шуд. Ин дидор бо ташаккури самимонаи Рустами Эмомалӣ аз даъвату меҳмоннавозии гарм оғоз шуд, сипас ӯ интихоби ҳамтои худ ба мақоми раёсати Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони Чинро табрик гуфт . Бо ибрози ризоят таъкид шуд, ки равобити байнидавлатии нав, ки бо талоши муштараки сарони ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Ши Ҷейн Пинг тақвият шудааст ва ҳамкориҳои чандҷонибаи байни Тоҷикистону Чин бар асоси усӯли ҳамсоягии нек ва эҳтирому эътимоди мутақобил бунёд ёфтааст.
Дар ин замина тарафҳо ибрози ақида карданд, ки равобити байнипорлумонӣ ба унвони абзори муҳими равобити мутақобили байни Тоҷикистону Чин ба тақвияти бештари мушорикати стратегӣ ва дӯстии байни мардуми ду кишвар кумак мекунад.
Пас аз музокироти ҳайатҳо байни Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони Чин мувофиқатномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

 

Барчасп