Тасмими Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои иртиқои саҳти хадамот
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон тасмим дорад бо баргузории мусобиқот сатҳу кайфияти хадамотро иртиқо диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, бар асоси эъломи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Тоҷикистон ин мусобиқа аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва «Беҳтарин роҳбалад» гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз ин мусобиқа ташвиқи хадамоти гардишгарӣ ба афзоиши кайфияти хадамот, ҷазби коршиносон мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарвиҷи тайфи густардае аз фурсатҳои гардишгарӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон дар талош ҳастанд то ҳарчӣ бештар гардишгаронро барои сафар ба ин кишвар ҷазб кунанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар 6 моҳи нахуст соли 2023 теъдоди гардишгарони хориҷӣ дар ин кишвар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 34 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гузориш шудааст, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 628 хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки беш аз 487 ҳазорнафар аз онҳо ба манзури гардишгарӣ ба ин кишвар омадаанд.