Боздиди вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мактабҳои ноҳияи Айнӣ
Вазири вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мактабҳои ноҳияи Айнӣ боздид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳим Саидзода бо вазъияти омодасозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва 53-и ноҳияи Айнӣ барои соли таҳсилии ҷадид ошно шуд.
Вазир дар ин боздид мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин мактабҳо барои зимистон омода нестанд ва ангишти лозим барои истифода надоранд.
Раҳим Саидзода дар боздид аз ин муассисаҳои омӯзишӣ таъкид кард, ки бояд ба пешрафту кайфияти кор таваҷҷуҳи вижа ва муқаддамоти соли таҳсилии ҷадид ба таври ҷиддӣ анҷом шавад.
Вазири маориф ва илм ёдовар шуд, иртиқои кайфияти омӯзишӣ яке аз вазоифи аввалияи ҳар корманди омӯзиш ва парвариш аст.
Ба гуфтаи ӯ ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Вай аз устодон хостааст, рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.